Сентябр 21, 2017 12:58 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Трамп бояд аз миллати Эрон узрхоҳӣ кунад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон хостори узрхоҳии раиси ҷумҳурии Амрико аз мардуми Эрон шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар поёни сафар ба Ню-Йорк барои ширкат дар ҳафтодудувумин Маҷмаи умумии Созмони Милали муттаҳид, дар нишасти хабарӣ ба пурсишҳои расонаҳои байналмилалӣ посух дод.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин нишасти хабарӣ ба адабиёти ҷоҳилонаву иттиҳомоти бепояи рӯзи сешанбеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико алайҳи миллати Эрон дар Маҷмаи умумии СММ ишора карду гуфт: “Мунтазири узрхоҳии вай аз миллати Эрон ҳастем”.

Рӯҳонӣ ҳамчунин дар бораи тавофуқи ҳастаӣ гуфт, Барҷом тавофуқи дуҷониба нест ва ҳар кишваре, ки оғозкунандаи нақзи он бошад, тааҳҳуди ҳуқуқии худро зери по гузоштаву роҳи инзиворо интихоб кардааст.

Вай афзуд, миллати Амрико ва аврупоиҳо аз талоши Вашингтон барои хуруҷ аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 ҳимоят нахоҳанд кард.

Рӯҳонӣ ҳамчунин ҷиноёти артишу буддоиёни Миёнмор алайҳи мусалмонони руҳингиёиро маҳкум кард ва бо баёни ин ки дар Миёнмор поксозии қавмӣ сурат мегирад, тасреҳ кард, Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амният бояд дар ин замина тасмими фаврӣ рӯйи даст бигиранд.

 

Барчасп