Зариф: Агар Амрико дунболи имтиёзоти ҷадид аст, Эрон низ имтиёз мехоҳад
(last modified 2017-09-22T14:48:38+00:00 )
Сентябр 22, 2017 19:48 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Агар Амрико дунболи имтиёзоти ҷадид аст, Эрон низ имтиёз мехоҳад

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни радди мавозеи зиддибарҷомии Ҳукумати Амрико изҳор кард, агар Вашингтон хоҳони имтиёзоти ҷадид аст, Эрон низ имтиёз мехоҳад.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо рӯзномаи амрикоии “Ню-Йорк таймз” ҳар гуна музокираи ҷадид бо Амрика бар сари тамдиди муддат ё шароити тавофуқи ҳастаии Эрон ва “Гурӯҳи 5+1”-ро рад карда гуфт, Эрон фақат дар сурате дар бораи тағйири тавофуқи ҳастаӣ музокира хоҳад кард, ки дар ҳар имтиёзе, ки Теҳрон додааст, аз ҷумла даст бардоштан аз сӯхти ҳастаӣ таҷдиди назар шавад.

Бар асоси тавофуқи ҳастаии Эрон ва “Гурӯҳи 5+1”, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳудуди 98 дарсад аз захираи сӯхти ҳастаии худро ба Русия мунтақил кард.

Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин суханронии раисҷмҳури Амрико дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро «аҷиб» хонд.

Трамп дар суханронии рӯзи сешанбеи худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чандумин бор бар хилофи мавозеи тарафҳои дигари Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ-ро тавофуқи ваҳшатнок ва онро «мояи шармсорӣ барои Амрико» хонд.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва “Гурӯҳи “5+1” (Биритониё, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи соли 2016 иҷроӣ шудааст, аммо Ҳукумати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора дар иҷрои БАРҶОМ бадаҳдӣ мекунад. Трамп ҳамвора бар хилофи мавозеи тарафҳои дигари БАРҶОМ Барномаи ҷомеи иқдоми муштаракро тавофуқи ваҳшатнок хонда, хостори барҳам задани он аст, аммо ҷаҳон мухолифи ин иқдоми раисҷумҳури Амрикост.