Паёми табрикии Зариф ба давлат ва миллати Лубнон дар солрӯзи пирӯзӣ бар Исроил
(last modified 2016-08-15T13:12:05+00:00 )
Август 15, 2016 18:12 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Зариф ба давлат ва миллати Лубнон дар солрӯзи пирӯзӣ бар Исроил

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогона ба Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ба ҳамтои лубнонии худ, солрӯзи пирӯзии муқовимати Лубнон дар ҷанги 33-рӯзаро табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадҷаводи Зариф шомгоҳи якшанбе дар паёмҳои ҷудогона ба Саид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳ ва Ҷуброн Босил-вазири умури хориҷаи Лубнон, солрӯзи пирӯзии қаҳрамононаи муқовимати Лубнон дар ҷанги-33 соли 2006-ро ба давлат, миллат ва муқовимати Ҳизбуллоҳи Лубнон табрик гуфт.

Зариф, пирӯзии қаҳрамононаи мардуми муқовими Лубнонро дар баробари артиши режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он дар ҷанги 33-рӯза , ҳосили исор, фидокорӣ, муқовимат ва иродаи росихи размандагони диловари муқовимат ва лутфи ниҳону ошкори Худованд донист ва таъкид кард, ин пирӯзии мояи ифтихори миллатҳои мусулмон ва озодихоҳони ҷаҳон аст.

Зариф дар паёми худ пирӯзӣ ва сарафрозии лубнониҳоро аз Худованд хостор шуд.

Ҷанги 33-рӯзаи режими Исроил бо Ҳизбуллоҳи Лубнон дар соли 2006 бо қатъномаи 1701-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар 13-уми август бидуни ҳеч натиҷае барои саҳюнистҳо поён ёфт.

 

Барчасп