Барҷом бар асоси эътимод бавуҷуд наомадааст
Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ бар асоси эътимод ба вуҷуд наомадааст ва Эрон низ ба Амрико эътимод надорад.
Муҳаммадҷаводи Зариф дар Андешкадаи таҳқиқотии амрикоии “Анҷумани Осиё” дар Ню-Йорк ва дар гуфтугӯ бо Чарли Роуз, муҷрии машҳури амрикоӣ, бо баёни ин нукта афзуд: Амрико акнун бояд бо эъломи тасмими худ дар бораи БАРҶОМ нишон диҳад, ки оё ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба Вашингтон эътимод кунад ё наметавонад .
Зариф тасреҳ кард, дар сурати хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, тасмимоти лозимро бар асоси шароит хоҳад гирифт .
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид, тавофуқи ҳастаии Эрон бо гурӯҳи 5+1 (БАРҶОМ)-ро мояи шармсорӣ барои Амрико тавсиф кард. Дар ҳоле, ки Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ дар ҳашт гузориш аз замони иҷроӣ шудани БАРҶОМ, пайбандии Эрон ба тааҳҳудоташ дар чорчуби ин тавофуқро тайид кардааст.
Ба ин нукта ҳатто мақомҳои Амрико ҳам изъон кардаанд. Ҳамин дирӯз буд, ки генерал Ҷозеф Данфорд, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико гуфт: “Пойбанд мондани мо ба тавофуқоте, ки онҳоро имзо кардаем, бар тамоюли соири тарафҳо барои имзои тавофуқ бо мо асаргузор хоҳад буд”.
Трамп дар ҳоле, ки ҳануз замони зиёде аз шуруи кораш намегузарад, ба дунё нишон дод, ки агар мехоҳанд, тасмиме бигиранд ва ё тавофуқеро иҷро кунанд бидонанд, ки набояд рӯи қавлҳо ва тааҳҳудоти Амрико ҳисоб кунанд. Акнун танҳо Эрон нест, ки аз беэътимодӣ ба Амрико сухан мегӯяд.
Ин беэътимодӣ барои бисёре аз кишварҳо исбот шудааст. Бетааҳҳудии Амрико дар қиболи иҷрои муоҳидаи NPT, хуруҷи Амрико аз Конвенсияҳои обу ҳавоӣ то нақзи садҳо қавлу қарор ва муоҳидае, ки Амрико ҳатто бо бумиёни Амрико доштааст, ин бадаҳдиро нишон медиҳад .
Натоиҷи як назарсанҷӣ аз сӯи Донишгоҳи Мэриленди Амрико дар соли 2016 нишон медиҳад, ки мардуми Эрон аз ибтидо нисбат ба инки Амрико ба тааҳҳудоти худ дар қолаби БАРҶОМ амал кунад, хушбин набуданд. Дар ин назарсанҷӣ, ҳудуди 62 дарсад аз мардум изҳор карданд, ки чандон ва ё аслан эътимод надоранд, ки Амрико ба ваъдаҳои худ дар қолаби БАРҶОМ амал кунад.
Сареҳтарин тафсир аз рафтори Амрико, ин сухани Зариф аст, ки дар мусоҳиба бо хабаргузории Ассошиатед Пресс гуфт: “Паёме, ки Амрико ба дунё ирсол мекунад, ин аст, ки вақте бо Амрико музокира мекунед, онҳо ончи, ки бар сари он дар ҷарёни музокирот тавофуқ кардаедро бадеҳӣ фарз карда ва баъдан-панҷ моҳ ё шаш моҳ ё як сол, ду соли баъд-самти шумо меоянд, то ончи натавонистаанд дар даври аввал ба даст биоварандро мутолиба кунанд” .
Вазири хориҷаи Эрон тасреҳ кард: “Ин паёми хубе ба дунё нест ва исбот хоҳад кард, ки Иёлоти Муттаҳида шарики қобили эътимод барои музокира нест. Инки қудрате монанди Иёлоти Муттаҳида ба дунё собит кунад, ки шарике қобили иттико барои музокира нест, барои сулҳу амнияти байналмилалӣ хуб нест”.