Содироти рӯзона 2 миллиону 600 ҳазор бушка нафт тавассути Эрон
(last modified Sat, 07 Oct 2017 12:01:30 GMT )
Октябр 07, 2017 17:01 Asia/Dushanbe
  • Содироти рӯзона 2 миллиону 600 ҳазор бушка нафт тавассути Эрон

Содироти нафти хом ва фаровардаҳои газии Эрон дар моҳи сентябр 2017 аз 2 миллиону 600 ҳазор бушка дар рӯз гузашт.

Эрон дар моҳи сентябр тавонист 2 миллиону 250 ҳазор бушка нафти хом ба мақосиди мухталифи осиёӣ ва аврупоӣ содир кунад.

Чин ва Ҳинд бузургтарин муштариёни нафти хоми Эрон ҳастанд, ки беш аз як миллион бушка аз Эрон нафт харидорӣ мекунанд.

Эрон ҳамчунин дар моҳи сентябр муваффақ шуд, ҳудуди 430 ҳазор бушка фаровардаҳои газӣ ба мақосиди осиёӣ содир кунад.

Кореяи Ҷанубӣ ниме аз фаровардаҳои газии Эронро дарёфт мекунад, ки бузургтарин муштарии фаровардаҳои газии Эрон маҳсуб мешавад.