Зариф: Эрон посухи муносибе ба Амрико хоҳад дод
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i24261-Зариф_Эрон_посухи_муносибе_ба_Амрико_хоҳад_дод
Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон сиёсати худ дар минтақаро мустақил аз лафозиҳои дигарон дунбол мекунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 08, 2017 17:19 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон посухи муносибе ба Амрико хоҳад дод

Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон сиёсати худ дар минтақаро мустақил аз лафозиҳои дигарон дунбол мекунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон афзуд: Пас аз онки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сиёсати роҳбурдии худро дар мавриди Эрон ва барномаи ҷомеи иқдоми муштарак “БАРҶОМ” эълом кунад, ҷумҳурии исломии Эрон дар мавқеи муносиб, посухе муносиб ба он хоҳад дод .

Трамп бо интиқод аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷи ба иловаи як қарор аст, 12 октябр тасмими худро дар бораи БАРҶОМ ҳамчунин роҳбурди ҷомеи Амрико дар қиболи Эрон эълом кунад. Зарбулаҷали 90 рӯзаи тайиди пайбандии Эрон ба БАРҶОМ аз сӯи давлати Трамп ҳам 15 октябр ба поён мерасад .

Вазири хориҷаи Эрон бо баёни инки минтақаи Ховари Миёна муддатҳост, аз сиёсатҳои ғалати Амрико ранҷ мебарад, тасреҳ кард: Эрон омили субот ва муқобила бо террористҳои такфирӣ дар минтақа буда ва сиёсати худро дар ин чорчуб идома медиҳад ва барои дигар кишварҳои ҷаҳон низ воқеиятҳои минтақа дар ҳоли равшан шудан аст .

Зариф хотирнишон кард: Амрико ва муттаҳидонаш дар паи фурӯши таслеҳоти бештар ба кишварҳои минтақаи Ховари Миёна ҳастанд ва дар ҳамин чорчуб бархе сиёсатҳоро дунбол кардаанд, ки ин мавзуъ ҷуз зарару зиён барои худашон, Амрико ва минтақа чизе ба ҳамроҳ надоштааст .

Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон, сиёсати худро дар қиболи ҳифзи ҳуқуқи миллаташ дунбол хоҳад кард .