Судури раводиди фурудгоҳӣ барои гардишгарони 180 кишвари ҷаҳон дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i24397-Судури_раводиди_фурудгоҳӣ_барои_гардишгарони_180_кишвари_ҷаҳон_дар_Эрон
Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, ​саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон аз судури раводиди фурудгоҳии семоҳа барои гардишгарони хориҷӣ дар Эрон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 10, 2017 20:43 Asia/Dushanbe
  • Судури раводиди фурудгоҳӣ барои гардишгарони 180 кишвари ҷаҳон дар Эрон

Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, ​саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон аз судури раводиди фурудгоҳии семоҳа барои гардишгарони хориҷӣ дар Эрон хабар дод.

Алиасғари Мӯнисон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи “ал-Олам” бо эъломи ин хабар афзуд, Эрон кишвари фарҳангӣ аст ва ба ҳамин сабаб ҳамкориҳои муштараки хубу зиёде бо Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ дорад. Мӯнисон гуфт, Эрон солона пазирои панҷ миллион гардишгари хориҷӣ аст ва бисёре аз гардишгарони аврупоӣ алоқаманд ба дидани осори таърихӣ ва осорхонаҳои арзишманди Эрон ҳастанд.

Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон таъкид кард, гардишгарӣ дар Эрон фазои тафреҳ ҳамроҳ бо амнияту оромиш аст ва гардишгарони хориҷӣ метавонанд аз ин фазо ба хубӣ баҳра баранд.