Рӯҳонӣ: Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ ба худаш зарар мезанад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i24427-Рӯҳонӣ_Амрико_бо_хуруҷ_аз_БАРҶОМ_ба_худаш_зарар_мезанад
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт, агар Амрико аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) хориҷ шавад, зарари ин кор сирфан барои амрикоиҳо хоҳад буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 11, 2017 15:01 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт, агар Амрико аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) хориҷ шавад, зарари ин кор сирфан барои амрикоиҳо хоҳад буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳайъати давлати Эрон, тавофуқи ҳастаиро озмуне барои давлатҳои ҷаҳон донисту гуфт: Агар ҳамаи тарафҳои музокира пои БАРҶОМ биистанд, ҳайсияти худашонро ҳифз карданд ва агар касе пои ин тавофуқ наистад, дар ҳақиқат ҳайсияти худашро хадшадор кардааст .

Раисҷумҳури Эрон гуфт: Дар сафбандии ҷаҳонӣ дар бораи иқдомҳои Амрико, танҳо чанд режими ангуштшумор ҳастанд, ки аз ин иқдомҳо тарафдорӣ мекунанд .

Вай афзуд: Имрӯз масире, ки Эрон интихоб карда, мавриди ҳимояти ҷаҳон аст ва ҳатто дар миёни муттаҳидони Амрико дар Аврупо ҳам касе нест, ки аз барҳам задани БАРҶОМ ҳимоят кунад .

Рӯҳонӣ таъкид кард: Агар рӯзе Амрико бихоҳад, аз БАРҶОМ хориҷ шавад, он вақт барои мардум равшантар мешавад, ки ин кишвар чи зарари бузурге кардааст .

Раисҷумҳури Эрон гуфт: Имрӯз комилан равшан мешавад, ки давлати ёғӣ кист ва онки муқаррароти байналмилалиро зери по ме‌‌гузорад, чи касест .

Рӯҳонӣ иқдоми Амрико алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро низ хато андар хато хонду гуфт: Амрикоиҳо ба далели онки мехостанд, гурӯҳи террористии ДИИШ-ро 20 сол дар минтақа нигаҳ доранд ва аз он ба унвони абзор истифода кунанд, аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ асабонӣ ҳастанд, зеро ин ниҳод бо барномарезӣ ва ҳимоят аз миллати Ироқ, Сурия ва Лубнон, ДИИШ-ро залил кард .