Муовини Рӯҳонӣ: Дастҳои пушти парда дар парвандаи Занҷонӣ ифшо шавад
Ҷаласаи Ситоди ҳамоҳангии мубориза бо мафосиди иқтисодии Эрон барои баррасии охирин вазъияти парвандаи Бобаки Занҷонӣ баргузор шуд.
Ба иттилои Исно, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷумҳури Эрон рӯзи душанбе дар ин ҷаласа таъкид кард, дар раъси низоми ҷумҳурии исломӣ иродаи сиёсии ҷиддӣ барои мубориза бо мафосиди иқтисодӣ ва расидагӣ ба парвандаҳои фасод аз ҷумла парвандаи Бобаки Занҷонӣ вуҷуд дорад ва ҳамаи аркони низом ва сарони қувои сегона низ барои ба натиҷа расондани ин парванда мусаммам ҳастанд.
Муовини аввали раисҷумҳури Эрон бозгардондани пули байтулмол дар парвандаи Бобаки Занҷониро мавзуе пураҳаммият донист ва таъкид кард: Илова бар аҳаммияти бозгашти ин пул, мавзуи муҳими дигар ин аст, ки бояд абъоди пинҳон ва дастҳои пушти пардаи ин парванда равшан шавад.
Муҳсини Ажаӣ, муовини аввали раиси қувваи қазоияи Эрон низ дар ин нишаст бо ишора ба вақткушии Бобаки Занҷонӣ дар ду солу ними гузашта гуфт: Занҷонӣ бо фазосозӣ ва бесадоқатӣ талош дорад, то расидагӣ ба парвандаро ба таъхир андозад ва дар раванди он ихлол эҷод кунад.
Масъуди Пизишкиён, ноиб раиси аввали Маҷлиси Шӯрои исломӣ низ дар ин нишаст хостори ошкор шудани абъоди пинҳон ва дастҳои пушти пардаи парвандаи Бобаки Занҷонӣ шуд ва гуфт: Бояд касоне, ки пули байтулмолро дар ихтиёри муттаҳами ин парванда қарор доданд низ мавриди бозхост қарор гиранд ва дар қиболи амалкардшон ба миллат посухгу бошанд.
Дар ин нишаст ҳамчунин гузорише аз охирин вазъияти парвандаи Бобаки Занҷонӣ аз сӯи муовини аввали қувваи қазоия, додситони Теҳрон ва вазири нафти Эрон ироа ва муқарар шуд, ҳамаи дастгоҳҳои зирабт барои пайгирии иддаоҳои муттаҳами мабнӣ бар доштани дороиҳое дар хориҷ аз Эрон фаъол шаванд ва иқдомоти лозимро дар ин замина анҷом диҳанд.