Рӯҳонӣ: Амрико дар зарба задан ба БАРҶОМ танҳо мондааст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон танҳо мондани Ҳукумати Амрикоро дар зарба задан ба тавофуқи ҳастаӣ яке аз дастовардҳои Эрон донист.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар дидор бо намояндагони ҷомеаи рӯҳонии мубориз дар Теҳрон БАРҶОМ-ро муваффақияти арзишманд ва ҳосили иҷмои миллӣ, ҳимояти мардум ва ҳидояти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ баршумурд. Рӯҳонӣ рафъи таҳримҳо, ҳалли тадриҷии мушкили иртибототи бонкӣ, афзоиши қобили таваҷҷуҳи сармоягузории хориҷӣ ва маблағҳои ихтисосёфта аз кишварҳои мухталифи ҷаҳонро аз натоиҷи амалӣ шудани тавофуқи ҳастаии миёни Эрон ва “Гурӯҳ 5+1” донист. Ӯ афзуд, аз назари сиёсӣ низ танҳо мондани Ҳукумати Амрико дар зарба задан ба БАРҶОМ, ҳамраъйии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа Аврупо ва дигари аъзои “Гурӯҳи 5+1 (Англия, Русия, Чин, Фаронса ва Олмон) дар ҳимоят аз тавофуқи ҳастаӣ ва идомаи ҳамкориҳо бо Эрон дастоварди дигаре барои Эрони исломӣ аст.
Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин Ислом ва ҷумҳуриятро ду пояи мустаҳками низоми исломӣ ва ёдгории арзишманди Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дониста таъкид кард, Ҳукумати Эрон баромада аз иродаи миллат аст ва дар айни ҳол худро муваззаф ба иҷрои аҳкоми исломӣ медонад.