Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Агар тарафи муқобил БАРҶОМ-ро пора кунад, Эрон онро реза-реза мекунад
(last modified 2017-10-18T12:29:01+00:00 )
Октябр 18, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Агар тарафи муқобил БАРҶОМ-ро пора кунад, Эрон онро реза-реза мекунад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: То тарафи муқобил, барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро пора накунад, Эрон онро пора намекунад, аммо агар БАРҶОМ-ро пора кунанд, ҷумҳурии исломии Эрон онро реза-реза мекунад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори садҳо нафар аз нухбагони ҷавон ва истеъдодҳои бартари илмӣ гуфтанд: Аврупоиҳо бо дарки инки БАРҶОМ ба нафъи онҳо ва амрикоиҳост, бо суханони раисҷумҳури Амрико дар бораи пора кардани БАРҶОМ мухолифат карданд, ки ин мавзеъгирӣ хуб аст, аммо кофӣ нест .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Аврупоиҳо бояд муқобили иқдомоти давлати Амрико аз ҷумла нақзи БАРҶОМ ҳамчун таҳримҳое, ки интизор доранд, аз Конгресс берун биояд, биистанд ва аз ҳамсадоӣ бо амрикоиҳо дар масоиле назири қудрати дифоии Эрон ва ҳузури Эрон дар минтақа бипарҳезанд, зеро Эрон мутлақан ҳамовозии аврупоиҳо бо зӯргуиҳои Амрикоро қабул намекунад .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, низоми Амрикоро коргузори шабакаи саҳюнизми байналмилал, душмани миллатҳои мустақил ва омили ағлаби ҷангҳо дар минтақа ва ҷаҳон унвон карданду бо ёдоварии суханони Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар муборизоти интихоботӣ мабнӣ бар бавуҷуд омадани ДИИШ ба дасти ин кишвар афзуданд: Табиӣ аст, ки сардамдорони Амрико акнун алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки аҳдофи хатарноки Амрико ва ДИИШ-ро дар минтақа сад кардааст, наъра бикашанд ва суханронӣ кунанд .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, улгу шудани Эрон дар зеҳни миллатҳоро муҷиби хашму ноумедии бештари султагарон хонданд ва хотирнишон карданд: Миллати Эрон дар чиҳил соли ахир ба ҷаҳониён собит кардааст, ки метавон аз абарқудратҳо натарсид, дар муқобили онҳо истодагӣ кард ва бо вуҷуди таҳримҳову фишорҳо, ба рушду пешрафти рӯзафзун низ даст ёфт .

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳафт тавсияи муҳим ба мардум, масъулону фаъолони сиёсӣ ва матбуотӣ дар бораи қазоёи ахири перомуни БАРҶОМ ироа карданд, ки шикасти Амрико аз миллати инқилобии Эрон, парҳез аз ғафлат дар муқобили макру ҳилаи Амрико, тақвияти аносури қудрати Эрон, беэътиноӣ ба илқооти душман, афзоиши қудрати дифоӣ, баррасии мавзуи рафтори аврупоиҳо ва ҷиддӣ гирифтани иқтисоди муқовиматӣ ва усули онро шомил мешуд .

 

Барчасп