Август 17, 2016 13:55 Asia/Dushanbe
  • Эрони пойгоҳи низомӣ дар ихтиёри Русия қарор надодааст

Раиси Маҷлиси Шӯрои ислоии Эрон гуфт: Эрон дар ҳалли буҳрони террористии минтақа бо Русия ҳамкорӣ дорад, аммо пойгоҳи низомӣ дар ихтиёри ин кишвар қарор надодааст.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар вокуниш ба интишори ахборе дар бораи истиқрори бомбафканҳои рус дар Эрон афзуд: Эрон бо Русия баунвони муттаҳид дар масоили минтақаӣ монанди Сурия ҳамкорӣ дорад ва ба ин маъно нест, ки Эрон пойгоҳи низомӣ ба Русия дода бошад.

Алии Лориҷонӣ таъкид кард, ки бар асоси асли 146-и Қонуни асосии Эрон истиқрори ҳаргуна пойгоҳи низомии хориҷӣ дар ин кишвар мамнуъ аст.

Лориҷонӣ гуфт: Эрон аз мавозеи Русия дар қиболи масъалаи Яман низ истиқбол мекунад, бинобарин назари Эрон бо Русия дар ҳалли буҳрони террористии минтақа наздик аст.

Дар рӯзҳои ахир бархе расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ муддаӣ шудаанд, ки Русия чандин фарванд бомбафкани худро дар пойгоҳи ҳавоии Нужаи шаҳри Ҳамадон дар ғарби Эрон мустақар кардааст.

Бар асоси ахбори мунташиршуда, ин бомбафканҳо барои амалиёти зидди гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Сурия дар Эрон мустақар шудааст.

 

Барчасп