Афзоиши табодули донишҷӯёни эронӣ бо донишгоҳҳои бузурги Русия
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25134
Раиси Донишгоҳи Теҳрон хабар дод: Табодули донишҷӯёни эронӣ бо донишгоҳҳои бузурги Русия дар оянда бештар хоҳад шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 02, 2017 18:04 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши табодули донишҷӯёни эронӣ бо донишгоҳҳои бузурги Русия

Раиси Донишгоҳи Теҳрон хабар дод: Табодули донишҷӯёни эронӣ бо донишгоҳҳои бузурги Русия дар оянда бештар хоҳад шуд.

Маҳмуди Найлии Аҳмадободӣ афзуд: Илова бар афзоиши баргузории давраҳои муштараки илмӣ дар ҳавзаҳои мушаххасе низ табодули устоду донишҷӯ анҷом хоҳад шуд .

Ӯ нишонаи боризи тавсеаи ҳамкориҳои илмии байни ду кишварро баргузории Иҷлоси муштараки раисони донишгоҳҳои бузурги Эрону Русия дар Маскав донисту гуфт: Ин нишаст тартибе дод, то донишгоҳҳо натоиҷи фаъолиятҳо ва дастовардҳои муштараки худро ироа ва бо табодули онҳо аз таҷоруби якдигар истифода кунанд ва ҳамкориҳои худро афзоиш диҳанд .

Раиси Донишгоҳи Теҳрон ҳамчунин гуфт: Ин донишгоҳ дар ҳоли афзоиш ва шакл додани ҳамкориҳои худ бо донишгоҳҳои Русия аст .

Сеюмин Иҷлоси раисони донишгоҳҳои сатҳи як Эрону Иттиҳоди донишгоҳҳои бартари Русия 27 октябри 2017 дар Донишгоҳи давлатии Маскав баргузор шуд .