Ноябр 03, 2017 21:07 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ: Амрико дар раъси тамоми ҷинояту хиёнатҳо қарор дорад

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон амрикоиҳоро аҳдшикан баршумурда гуфт, Вашингтон дар садри тамоми ҷинояту хиёнатҳо қарор дорад.

Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард, Амрико ҳар куҷо манофеашро дар хатар бубинад, тааҳҳудоташро зери по хоҳад гузошт. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба талошҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои тағйир ё дар сурати имкони лағви Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак таъкид кард, барномаҳои Трамп аблаҳона аст. Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ ҳамчунин ба изҳороти хасмонаи ахири Трамп зидди Эрон ва Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ишора карда афзуд, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо қудрат дар муқобили террористҳои мавриди ҳимояти Амрико истодааст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон масъулони Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳушёру бедор дониста гуфт, набояд дар баробари душман ҳолати беамалиро интихоб кард. Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷангталаб нест, аммо бо тамоми тавон дар муқобили тавтеаҳои душманон хоҳад истод.

 

Барчасп