Ноябр 06, 2017 15:08 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Сафорати Фаластин дар Теҳрон дар маҳкумияти эъломияи Болфур

Сафорати Фаластин дар Теҳрон ба муносибати садумин солгарди эъломияи Болфур эълом кард, давлати Англия ҳамчунон аз режими саҳюнистӣ ҳимоят мекунад ва ҳуқуқи фаластиниёнро нодида мегирад.

Дар баёнияи Сафорати Фаластин дар Теҳрон, ки якшанбешаб мунташир шуд, омадааст: “Суханронии Тереза Мэй, нахуствазири Англия дар Маҷлиси авоми ин кишвар, ки нақши Англияро дар таъсиси режими Исроил мояи ифтихор хонд, нишон медиҳад, Лондон ҳатто пас аз гузашти сад сол аз судури эъломияи Болфур, мардуми Фаластинро ба расмият намешиносад”.

Дар ин баёния омадааст: “Ин иқдоми Англия нишон медиҳад, тафаккури истеъморӣ ва нажодпарастонаи Лондон ҳамчунон идома дорад ва фаластиниён мутаассифона, дар баробари мавзеъгирие қарор гирифтаанд, ки мутаноқиз бо мавзее аст, ки Англия бояд дар қарни бистуякум рӯйи даст гирад.

Сафорати Фаластин дар Теҳрон дар баёнияи худ овардааст, Англия ҳамчунон ҳозир нест масъулияти иштибоҳот ва ҷароимеро бипазирад, ки дар гузашта дар ҳаққи мардуми Фаластин муртакиб шудааст.

Маросими садумин солгарди судури эъломияи нангини Болфур шомгоҳи панҷшанбеи гузашта бо ҳузури мақомҳои Англия ва сардамдорони режими саҳюнистӣ дар Лондон баргузор шуд ва Тереза Мэй тайи суханоне ба нақши кишвараш дар таъсиси режими Исроил ифтихор кард.

Эъломияи Болфур дар дувуми ноябри соли 1917 заминаро барои эҷоди режими ҷаълии саҳюнистӣ дар сояи ҳимоятҳои давлати Англия дар сарзамини мардуми Фаластин фароҳам кард.

 

Барчасп