Ноябр 11, 2017 19:21 Asia/Dushanbe
  • Камолвандӣ: Мӯҳру мумҳо дар таъсисоти ҳастаии Эрон муваққатӣ аст

Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон бо ишора ба изҳороти дабири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бино бар аксбардорӣ, аз бахшҳои мухталифи ҳастаии Эрон ва мӯҳри ду ҳазор нуқта таъкид кард, мӯҳр ва муми бахшҳое аз таъсисоти ҳастаии Эрон муваққат ва барои ҳисобдории маводи ҳастаӣ аст.

Юкия Амано, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар гуфтугӯ бо шабака “СБС”-и Амрико гуфт, дӯрбинҳои насб шуда дар таъсисоти ҳастаии Эрон садҳо ҳазор акс мегиранд ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ду ҳазор нуқтаро низ дар таъсисоти ҳастаии Эрон мӯҳру мум кардааст.

Беҳрӯзи Камолвандӣ рӯз шанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симо бо баёни инки ин аксбардориҳо ва мӯҳру мумҳо дар таъсисоти ҳастаии ҳамаи ҷаҳон вуҷуд дорад гуфт, қабл аз БАРҶОМ низ ба илали подмонӣ ва ба ин иллат, ки ҳисобрасии мавод, тобеи бархе қоида аст, мӯҳрҳоеро Эрон бо ҳамоҳангии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мезад, то ба унвони намуна вақте бахше аз маводи ҳастаӣ аз қисмате ба қисмати дигар мунтақил шавад ба маҳзи интиқоли он мӯҳру мумҳо бардошта шавад.

Камолвандӣ афзуд, агар 2 ҳазор мӯҳру мум дар таъсисоти ҳастаии Эрон вуҷуд дошта бошад, ин теъдод дар Ҷопон метавонад 20 ҳазор мӯҳру мум бошад, зеро рафту омади маводи ҳастаӣ ҳатман тобеи бархе қавоид аст ва бояд ин мӯҳру мумҳо анҷом шавад.

Вай тасреҳ кард, бахше аз оморе, ки дабири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ироа кард, барои ин аст, ки тарафи муқобилро мутақоид кунад фаъолиятҳои Эрон шаффоф ва таҳти назорат аст ва албатта ин аксҳо қарор нест хориҷ шавад, дар ҳамон дӯрбинҳо мемонд то агар рӯзе ниёз шуд ба он муроҷиа шавад.

Камолвандӣ таъкид кард, иттилооти маҳрамонаи Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дарз накардааст.

Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон ҳамчунин дар бораи такрори иддаои Юкия Амано бино бар мумкин будани дастрасии ожонс ба марокизи низомии Эрон таъкид кард, дастрасиҳо тибқи пратакол таърифе дорад ва Эрон дар БАРҶОМ фаротар аз пратакол напазируфтааст.

 

 

Барчасп