Охирин омори қурбониёни зилзилаи ғарби Эрон
(last modified Mon, 13 Nov 2017 12:07:03 GMT )
Ноябр 13, 2017 17:07 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори қурбониёни зилзилаи ғарби Эрон

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси охирин омори расмӣ то соати 14:16 дақиқаи имрӯз, омори ҷонбохтагони заминларзаи 7,3 рихтерии ғарби кишвар 341 тан эълом шудааст.

Ҳамчунин 5 ҳазору 953 нафар ҳам захмӣ шудаанд .

Зилзилаи 7.3 рихтерӣ, ки шаби гузашта дар аксари устонҳои ғарбӣ ва ҷануби ғарбии кишвар эҳсос шуд ва маркази он дар марзи Кирмоншоҳи ғарби Эрон буд, боиси харобии шаҳрҳои марзии Кирмоншоҳ ва фавти теъдоде аз ҳамватанон ва захмӣ шудани теъдоде дигар шуд .

Масъули шабакаи ларзанигории устони Кирмоншоҳ гуфт: Аз дишаб, ки заминларзаи бузурги 7.3 рихтериро доштем, токунун ҳудуди 141 пасларза дар густараи устон рух дода, ки 17 мавриди он беш аз чаҳор рихтер будааст .

Фарҳоди Фурӯзӣ, вуқуи заминларза бо ин бузургиро дар ғарби кишвар бесобиқа хонду таъкид кард: Пасларзаҳо аз назари бузургӣ ва теъдод раванди коҳишӣ дорад .