Ноябр 15, 2017 20:30 Asia/Dushanbe
  • Судури раводиди Эрон барои ҳунармандони афғонистонӣ осон мешавад

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз ироаи тасҳилоти вижа дар бахши судури раводид ба ҳунармандони Афғонистон барои ҳузур дар Эрон хабар дод.

Баҳроми Қосимӣ дар ҳошияи боздид аз Намоишгоҳи Нимрӯз дар Теҳрон, ки дар он осори ҳунармандони афғон ба намоиш гузошта шудааст, гуфт: То чанд рӯзи оянда Вазорати умури хориҷаи Эрон ба манзури осонсозии судури раводид барои ҳунармандону нухбагони Афғонистон ройзаниҳоеро оғоз мекунад .

Ба гуфтаи Қосимӣ, ин ройзанӣ бо ҳадафи осонсозии табодулоти фарҳангӣ ва ҳунарии миёни ҳунармандони Афғонистону ҳунармандони Эрон сурат мегирад .

Вай афзуд: Бояд иртиботи ҳунармандони афғонистонӣ бо бахшҳои фарҳангии сафорати Эрон дар Афғонистон бештар шавад, то онҳо бидуни онки ниёз ба ҳузур дар сафҳои тӯлонии навбатдиҳии марокизи консулӣ дошта бошанд, аз тариқи як масири мушаххас, заминаи ҳузурашон дар Эрон сареътар фароҳам шавад .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Баргузоркунандагони барномаҳои байналмилалии фарҳангӣ ва ҳунарӣ дар Эрон низ метавонанд бо ироаи феҳристи номҳо ба Вазорати умури хориҷа, заминаи ҳузури ҳунармандону асҳоби фарҳангу ҳунар ба вижа афғонистониҳоро дар Эрон суръат бахшанд .

Нахустин намоишгоҳи саросарии ҳунарҳои таҷассумии Афғонистон бо унвони “Нимрӯз” аз рӯзи душанбе 13 ноябр дар Теҳрон оғоз ба кор кардааст ва то панҷшанбе 16 ноябр идома дорад .