Солрӯзи шаҳодати Имом Ризо (а)-ро таслият мегӯем
(last modified Sat, 18 Nov 2017 16:24:00 GMT )
Ноябр 18, 2017 21:24 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи шаҳодати Имом Ризо (а)-ро таслият мегӯем

Фардо (якшанбе) 30 сафари соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 19 ноябри 2017, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ризо (а), набераи гиромии Паёмбари ислом (с) аст.

Ҳазрати Имом Ризо (а) дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушӯданд ва дар охирин рӯзи моҳи сафари соли 203 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

Даврони ҳаёт ва имомати ҳазрати Имом Ризо (а), даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳли байти исмат ва таҳорат (а) ва густариши пойгоҳҳои мардуми хонадони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) аст.

Бо авҷгирии тамоюлоти мардум ба Имом Ризо (а), Маъмун халифаи Аббосӣ бо дасисачинӣ, эшонро масмум ва шаҳид карданд.

Мардуми Эрон исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ризо (а) бо ҳузур дар ҳусайнаҳо, масоҷид, ҳарами мутаҳҳари эшон дар Машҳад (шимолу шарқи Эрон) ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри муқаддаси Қум, азодорӣ мекунанд.

Радио тоҷикии “Садои Хуросон”, фарорасидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ризо (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.