Боздиди Раҳбари Инқилоби Исломӣ аз манотиқи зилзилазада (видео)
Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (душанбе) дар боздид аз манотиқи зилзилазадаи ғарби Эрон аз масъулон хост, талошҳои худро музоаф кунанд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (душанбе), аз манотиқи зилзилазадаи шаҳристони сари пули Заҳоби устони Кирмоншоҳ боздид карданд ва ба суханони бархе аз мардуми мусибатзада ва осебдида гӯш фарододанд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҷамъи мардуми ин шаҳри осебдида гуфтанд: «бисёр моил будам, ки дар замони шодии дилҳо ва хуррамии зиндагӣ ба шаҳри шумо мардуми меҳрубон ва бовафо биёям на дар шароите, ки дучори ғаму бало ва чунин мусибати шадиде ҳастед.»
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ афзуданд: «инсонҳои бузург ва диловар муқобили ҳаводиси меистанд ва он ҳаводисро мағлуби иродаи худ мекунанд, бино бар ин агарчи зилзила, бало ва мусибати бузурге аст, ки бо вайронӣ ҳамаро доғдор ва мусибатзада мекунад, аммо ҳамин зилзила дар асари истодагии мардум ва талоши онон барои таҷдиди ҳаёт ва ободонӣ ва умрон метавонад ба як неъмат табдил шавад.»
Раҳбари инқилоб аз масъулон, ки дар ҳамон соати аввали ҳодиса бо ҳузури муассир, ба ёрии зилзилазадагон шитофтанд қадрдонӣ карданд, аммо дар айни ҳол таъкид карданд, ки ба ин ҳадд аз талошҳо қонеъ нестанд ва масъулони бахшҳои мухталиф бояд талош ва муҷоҳидати худро дучандон кунанд.
Раҳбари Инқилоби Исломӣ ҳамчунин аз рустои зилзилазадаи Куйк боздид карданд.