Пешниҳоди баргузории ҷашнвораи наврӯзии Тоҷикистон дар Шероз
Шӯрои шаҳри Шерози Эрон тарҳи баргузории ҷашнвораи наврӯзӣ (Наврӯзи соли 2018)-и Тоҷикистонро дар ин шаҳр баррасӣ мекунад.
Сулмоз Деҳқонӣ, узви Шӯрои шаҳри Шерози Эрон дар тавзеҳи ин тарҳ гуфт, ба далели мушобеҳатҳои фарҳангӣ, қавмӣ ва забонӣ баргузории намоишгоҳ ва ҷашнвораи наврӯзии Тоҷикистон дар Шероз мӯҷиби табодули фарҳанг мешавад ва имкони муаррифии шаҳри Шерозро фароҳам мекунад. Деҳқонӣ афзуд, шаҳри Шероз бо шаҳри Душанбеи Тоҷикистон бародаршаҳранд, аммо ин танҳо дар тафоҳумнома омада ва то кунун коре дар чорчӯби он анҷом нашудааст, ба ҳамин далел баргузории ин ҷашн аҳамияту зарурат дорад. Узви Шӯрои шаҳри Шероз гуфт, метавон дар оянда ба Душанбеи Тоҷикистон низ пешниҳод дод, ки мизбони гурӯҳе аз ҳунармандону аҳли фарҳанги шаҳри Шероз барои баргузор кардани ҷашн дар ин шаҳр бошад.
Шаҳрҳои Шерози Эрон ва Душанбеи Тоҷикистон 16-уми феврали соли 1992 бо ҳам бародаршаҳр шуданд.