Рӯҳонӣ: Асоси сиёсати хориҷии Эрон «таомули созанда ва иззатмандона» бо ҷаҳон аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард, Эрон ҳамвора талош кардааст, мушкилоти минтақаро аз тариқи гуфтугӯ ва на рӯёрӯӣ ҳал кунад
Ҳасани Рӯҳонӣ сешанбе шаб дар гуфтугӯи зиндаи телевизионӣ ба кумакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ироқ ва Сурия дар мубориза бо террористҳо ва ҳамчунин ҳамкории Эрон, Ироқ ва Туркия дар хусуси масъалаи минтақаи Курдистони Ироқ ишора кард ва гуфт, Эрон ба думбол амн кардани минтақа аст.
Рӯҳонӣ бо ишора ба ин ки Эрон ба ҷуз як -ду кишвар дар минтақа монанди Арабистон, бо соири кишварҳо аз ҷумла Русия, Туркия, Ироқ, Қатар, Афғонистон ва Покистон равобити бисёр хубе дорад, тасреҳ кард, Арабистон барои сарпӯш гузоштан бар шикастҳояш дар минтақа ва масоили дохилиаш талош мекунад, Эронро душман муаррифӣ кунад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Арабистон дар Қатар, Ироқ, Сурия ва Лубнон номувафақ буд, афзуд, Риёз бо идомаи иқдомоти иштибоҳаш танҳо мушкилоти худро бештар хоҳад кард.
Рӯҳонӣ ба равобити хуби Эрон бо Иттиҳоди Аврупо низ ишора ва аз беҳбуди равобити тиҷории Эрон бо кишварҳои ҷаҳон хабар дод.
Вай ҳамчунин Эронро маркази энержӣ, роҳи оҳан ва интернети минтақа унвон ва эълом кард, Эрон бо бештар кишварҳои ҳамсоя табодули барқ мекунад.
Рӯҳонӣ афзуд, ба зуддӣ роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тамоми кишварҳои ҳамсоя муттасил хоҳад шуд.