Қосимӣ қатли ҷавони эронӣ дар Амрикоро маҳкум кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26127
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози таассуф аз қатли ҳавлноки як ҷавони эронӣ дар Амрико, ин иқдоми хушунатомези полиси Амрикоро маҳкум кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 30, 2017 13:22 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ қатли ҷавони эронӣ дар Амрикоро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози таассуф аз қатли ҳавлноки як ҷавони эронӣ дар Амрико, ин иқдоми хушунатомези полиси Амрикоро маҳкум кард.

Полиси Амрико Бежани Қайсар ҷавони эрониро дар иёлати Вирҷинё ба баҳонаи гурехтан аз саҳнаи тасодуф, ҳадафи тир қарор дод ва вай пас аз чанд рӯзи бистарӣ дар бемористон, рӯзи душанбе 27 ноябр ҷон бохт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Баҳроми Қосимӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи ин ҷавони эронӣ гуфт, Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ҳоли баррасии ҷиддии ин мавзӯъ аст, то дар зудтарин замон дар ҷиҳати риояти ҳуқуқи шаҳрвандони эронӣ иқдом кунад.

Дар ҳамин ҳол, ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бо судури баёниаяе, зимни маҳкум кардани иқдоми хушунатомези полиси Амрико эълом кард, давлати Амрико дар хусуси қатли Бежани Қайсар бояд посухгӯ бошад ва дар ин бора ба афкори умумӣ тавзеҳ диҳад.

Ин баёния меафзояд: Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Исломии Эрон аз дабири кулли Созмони милали муттаҳид ва комиссари олии ҳуқуқи башар мехоҳад то дар бораи вуқӯи чунин иқдоми ноқизи ошкори ҳуқуқи башар, пайгирӣ ва гузориши лозимро ироа кунанд.

Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин аз сафорати Швейтсария дар Теҳрон мехоҳад то нигаронӣ ва эътирози Эронро ба ин мавзӯъ ба давлати Амрико мунъакис ва натиҷаи лозимро ба ин ситод ироа кунад.