Мусодираи 30 ҳазор катибаи бостонӣ - иқдоми зидди эронии Амрико
(last modified Sat, 09 Dec 2017 11:56:05 GMT )
Декабр 09, 2017 16:56 Asia/Dushanbe
  • Мусодираи 30 ҳазор катибаи бостонӣ - иқдоми зидди эронии Амрико

Девони олии Амрико дар иқдоми зидди эронӣ, тавқифи катибаҳои даврони Ҳахоманиширо дар дастури баррасӣ қарор дод.

Ба гузориши “Euronews”, Девони олии Амрико тасмим дорад ин катибаҳоро ба нафъи муддаиёни парвандаи бомбгузории Байтулмуқаддас дар соли 1997, тавқиф кунад.

Пеш аз ин додгоҳе дар Амрико, Эронро дар ин бомбгузорӣ, масъул дониста ва хостори пардохти ғаромати 71 миллион долларӣ ба бозмондагони он шуда буд.

Дар сурати иҷозаи Девон олии Амрико, 30 ҳазор катибаи ҳахоманишӣ, ки аз соли 1937 ба амонат дар ихтиёри мӯзеи донишгоҳи Чикаго гузошта шудааст, барои таъмини ғаромати иддаоӣ, ба ҳароҷ гузошта мешавад.

Дар моҳи сентябр низ як қозии федерал дар иёлати Вашингтон дар хушхидматӣ ба режими Исроил, Эронро ба пардохти 209 миллион доллар ғаромат дар иртибот бо як ҳамлаи иддаоӣ дар Байтулмуқаддас, маҳкум кард.

Қозӣ Christopher Cooper бо муттаҳам кардани Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин «Ҳамос», ба ҳамла ба як автобус дар Байтулмуқаддас дар соли 2003 муддаӣ шуд, ки ниҳодҳои муртабит бо Эрон аз ин иқдом ҳимоят кардаанд.

Эрон бо радди ин иддаоҳо, аз Амрико ба иллати судури ин аҳкоми нораво, мусодира ва тамлики ғайриқонунӣ дороиҳо ва сипурдаҳои бонкии худ, ба таври расмӣ ба Девони байналмилалии додгустарӣ, шикоят кардааст.