Ҷонсон: Англия бар иҷрои комили БАРҶОМ мутааҳҳид аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26593
Вазири умури хориҷаи Англия дар дидор бо вазири умури хориҷаи Эрон, бар тааҳҳуди Лондон бар иҷрои комили Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), таъкид кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 09, 2017 20:44 Asia/Dushanbe
  • Ҷонсон: Англия бар иҷрои комили БАРҶОМ мутааҳҳид аст

Вазири умури хориҷаи Англия дар дидор бо вазири умури хориҷаи Эрон, бар тааҳҳуди Лондон бар иҷрои комили Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), таъкид кард.

Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷаи Англия, ки ба Теҳрон сафар кардааст, рӯзи шанбе дар дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, гуфт, БАРҶОМ аз аҳамият ва арзиши болое барои Англия бархӯрдор аст.

Ҷонсон ҳамчунин густариши ҳамкориҳо ва равобити Эрон ва Англия ва низ тадовуми ройзаниҳои Лондон бо Теҳронро хостор шуд.

Зариф ва Ҷонсон дар ин дидор ҳамчунин дар хусуси мавзуоти мухталиф, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, бонкӣ, тиҷорӣ ва аҳамияти густариш он ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи Англия ҳамчунин имрӯз (шанбе) бо Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Борис Ҷонсон қарор аст, дар ин сафари ду рӯза бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳурӣ, Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон низ дидор ва гуфтугӯ кунад.