Август 21, 2016 17:38 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари муаззами инқилоб дар ҷамъи имомони ҷамоати масҷидҳои Теҳрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: "Масҷид бояд пойгоҳи инсонсозӣ, муқобила бо душман, умрони дил ва дунё, басиратафзоӣ ва заминасозӣ барои эҷоди тамаддуни исломӣ бошад".

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии масҷид ва дар дидори имомони ҷамоати масҷидҳои устони Теҳрон, масҷидро ҳастаи муқовимати фарҳангӣ ва пойгоҳи фаъолияти иҷтимоӣ донистанд ва гуфтанд: "Дар торихи Ислом, масҷиди марказӣ барои машварат, ҳамкорӣ ва тасмимгирӣ дар масоили муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва низомӣ будааст".

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи фалсафаи таъйини Рӯзи ҷаҳонии масҷид низ тасреҳ карданд: "Ин рӯз бо пофишорӣ ва мутолибаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва ба иллати оташ задани Масҷид-ул-ақсо ба дасти саҳюнистҳо ва бо ҳадафи муқобилаи уммати Ислом бо режими саҳюнистӣ, дар Созмони ҳамкории исломӣ тасвиб шуд ва бояд бо ҳамин нигоҳ онро мавриди тавваҷуҳ қарор дод".

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин инқилоби исломиро зилзилае шадид дар аркони низоми султа хонданд ва таъкид карданд: "Ба баракати "исломи инқилобӣ" ва "инқилоби исломӣ" ҳадафи аслии зӯргӯёни ҷаҳонӣ, яъне фармонравоӣ бар минтақа ноком монда ва Амрико дар минтақа ғарби Осиё амалан замингир шудааст".

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: "Агар имон ва пойбандии миллат ба Ислом набуд, Эрон низ ҳамчун дигарон зери чатри Амрико ва ғайри Амрико мерафт ва ба ҳамин иллат аст, ки онон бо имони мардум хусумате амиқ ва поённопазир доранд".

Эшон таъкид карданд: "Бо вуҷуди ҳамаи душманиҳои густарда, ошкор, пинҳон ва печидаи қудратҳои золим ва зӯргӯ, "калимаи тайиба"-и ҷумҳурии исломӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли истеҳком ва иқтидори бештар аст ва ба баракати имон ва иттиҳоди мардум, тавтеаҳо ҳамчунон бенатиҷа хоҳад монд".

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: "Исломи секулор ва маҳсур дар ибодоти чӣ фардӣ ва чӣ дастаҷамъӣ, ҳатто агар тарафдорони фаровоне дошта бошад, мавриди хусумати султагарон нест, он чӣ зӯргӯёни ҷаҳонӣ бо он душманӣ доранд, "Исломи муқтадир" аст, ки низоми сиёсӣ-иҷтимоӣ ташкил медиҳад ва миллатҳоро ба самти саодати ҳақиқии дунё ва охират ҳидоят мекунад".

 

Барчасп