Афзоиши мизони тиҷории Эрон ба беш аз 3,4 миллиард доллар
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i2752-Афзоиши_мизони_тиҷории_Эрон_ба_беш_аз_3_4_миллиард_доллар
Гумруки Ҷумҳурии исломии Эрон аз афзоиши мизони тиҷории Эрон ба беш аз 3,4 миллиард доллар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 21, 2016 20:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мизони тиҷории Эрон ба беш аз 3,4 миллиард доллар

Гумруки Ҷумҳурии исломии Эрон аз афзоиши мизони тиҷории Эрон ба беш аз 3,4 миллиард доллар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, содироти колоҳои ғайринафтии Эрон аз моҳи апрел то июли соли 2016 ба 21,11 дарсад афзоиш дошта ва дар ин муддат 16 миллиарду 308 миллион доллар анвои колои ғайринафтӣ ба хориҷ аз кишвар содир шуда, ки бар ин асос тарози тиҷории Эрон дар маҷмӯъ ба 3 миллиарду 443 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши равобити умумии гумруки Эрон, умдатарин далели афзоиши содироти ғайринафтии Эрон аз моҳи апрел то июли имсол ба рушди чашмгири содироти маҳсулоти нафтиву химиявӣ бо 41, 51 дарсад ва сойири колоҳо бо 20, 71 дарсад ихтисос дорад.