Таҷаммуоти эътирозӣ дар Эрон ва ҳимояти Амрико - такрори хатоҳои гузашта
(last modified 2018-01-01T12:59:30+00:00 )
Январ 01, 2018 17:59 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуоти эътирозӣ дар Эрон ва ҳимояти Амрико - такрори хатоҳои гузашта

Аз чанд рӯзи гузашта то кунун бархе аз шаҳрҳои Эрон саҳнаи баргузории таҷаммуъҳое дар эътироз ба мушкилоти иқтисодӣ ва адами таъйини таклифи молбохтагони муассисоти молӣ ва гаронии бархе колоҳову заъфи назорати давлат будааст.

Бархе аз ин таҷаммуъҳо аммо дар иқдоме аз пеш тарроҳишуда, ба ошӯб кашида шудаву фурсатталабон ба чанд маркази давлатӣ ва бонкҳо ҳамла ва маконҳои умумиро тахриб карданд.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвар рӯзи якшанбе дар нахустин иҷлоси панҷумин давраи Шӯрои олии устонҳо дар Теҳрон ва дар вокуниш ба бархе фурсатталабиҳову иқдомоти ошӯбталабона, бо таъкид бар ин ки ба ҳеч ваҷҳ иҷоза дода нахоҳад шуд ҷомеа дучори ноамниву тазалзул шавад, изҳор дошт, ҳимояти режими ишғолгари саҳюнистӣ ва кишварҳои муртаҷеи минтақаву Амрико ва хушҳолии онҳо аз бархе иғтишошгариҳо дар Эрон, гӯёи иллати бархе иттифоқот дар Эрон аст.

Дар идомаи ин ҳимоятҳо Соро Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед бомдоди якшанбе дар паёми твиттерӣ бо баёни ин ки Амрико дар канори иғтишошгарон истода, таҳдид кард, рӯзҳои чашмпӯшии Амрико аз саркӯбгарӣ дар Эрон ба поён расидааст.

Вазорати хориҷаи Амрико ҳам дар баёнияе шадидуллаҳн бо такрори муҷаддади иддаоҳои чанд моҳи пеши Доналд Трамп алайҳи Эрон муддаӣ шуда, содироти аслии Эрон “хушунат, хунрезӣ ва ҳарҷу марҷ аст”.

Ин баёния тасреҳ мекунад, Вашингтон аз тамоми миллатҳо хоста, ошкоро аз мардуми Эрон ҳимоят кунанд, мардуме, ки чанде пеш тавассути Трамп “террорист” тавсиф шуданд.

Миллати Эрон ин гуна ҷараёнҳоро пеш аз ин низ таҷриба кардааст ва решаҳои онро ба хубӣ мешиносад.

Моҳияти нақшаҳои Амрико дар изҳороти ахири Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико ошкор шуд. Вай чанд рӯз қабл дар ёддоште дар рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” навишт: “Тавофуқи ҳастаии Эрон дигар дар конуни тавваҷуҳи сиёсати мо дар қиболи Теҳрон қарор надорад. Мо акнун дар ҳоли муқобила бо тамоми таҳдидҳо аз ҷониби Эрон ҳастем. Бахше аз ин рӯйкард шомили эҷоди муҷаддади иттиҳод бо шариконамон дар Ховари Миёна мешавад ...ва мо иқдомотеро барои муқобила бо фаъолиятҳои бесуботкунанда дар минтақа анҷом хоҳем дод”.

Акнун Кохи Сафед дар қолаби пружаи ҳамкориҳои роҳбурдии муштарак бо Риёз ва Тел-Авив ва дар ҷиҳати муқобила бо Эрон руъёи ба ошӯб кашондани Эронро дар сар дорад то бо ин ҳаракат ба азми худ Эронро ду ҷиҳат дар саҳнаи дохилӣ ва дар арсаи минтақаӣ бо як буҳрони густарда рӯбарӯ кунад.

Пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 Амрико барои барандозии низом даст ба иқдомоти васее заду аз ҳеч тавтеае аз таҳмили ҷанг ва ҳимояти комил аз Саддом то таҳриму таҳдид нишон додани Барномаи ҳастаӣ ва сиёҳнамоӣ дар бораи тавони дифоии Эрон рӯйгардон набудааст. Акнун низ Амрико барои зарба задан ба Эрон ба дунболи нақшаҳои тозае аст.

Мақомоти давлати Трамп муътақиданд, барои эҷоди тағйири воқеӣ дар рафтори Эрон бояд низоми онро иваз кард. Бархе мақомҳои Амрико, аз ҷумла Тиллерсон пештар тарҳҳое аз навъи ҷобаҷоии қудрат дар Эронро матраҳ кардаанд, ки нишондиҳандаи самту сӯйи аҳдофе аст, ки Амрико алайҳи Эрон ба дунболи он аст.

“Ню-Йорк Таймс” рӯзи якшанбе дар ёддоште бо ишора ба ҳимоятҳои Трамп аз силсилаи иттифоқоти чанд рӯзи ахир дар Эрон навишт: “Ҳанӯз чизи зиёде дар бораи ин эътирозот ё ин ки ба куҷо хатм хоҳад шуд, мушаххас нест”.

“Ню-Йорк Таймс” хитоб ба Трамп афзуд: “Мардуми Эрон ҳар фикре, ки дар бораи давлати худ дошта бошанд, аммо намехоҳанд раиси ҷумҳурии Амрико, ки ба тозагӣ бо тасҳили иқтисодии ин кишвар ва мусофирати онҳо ба Амрико мухолифат карда буд, садои эътирози онҳо бошад”.