Январ 06, 2018 22:09 Asia/Dushanbe
  • Вуқуи заминларзаи 5.1 рихтерӣ дар Сарипули Заҳоби Кирмоншоҳ

Заминларзае ба бузургии 5.1дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) шомгоҳи шанбе шаҳристони Сарпули Заҳобро дар устони Кирмоншоҳ (ғарби Эрон) ларзонд.

Ин заминларза дар умқи ҳашт километрии замин рух дод. Ҳамзамон заминларзае ба бузургии 4.1 рихтер, шаҳристони Қасри Ширини Кирмоншоҳро ҳам ларзонд.

Ҳанӯз хабаре аз хисороти эҳтимолии ин заминларзаҳо мухобира нашудааст.

12 ноябри 2017 низ заминларзае ба бузургии 7. 3 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) манотиқи мухталиф иғарби Эронро наздики марзи Ироқ ларзонд. Бар асари ин заминларза беш аз 600 нафар ҷон бохтанд ва беш аз 12 ҳазор нафар ҳам масдум шуданд.

Ин зилзила ба ҳафт шаҳристон ва беш аз ҳазор рустои устони Кирмоншоҳ хисорат ворид кард. Дар ҷараёни зилзилаи 7.3 рихтерӣ ҳудуди 30 ҳазор воҳиди маскунӣ ба таври комил тахриб ва ё дучори хисорати куллӣ ва ҷузъӣ шуд.