Январ 07, 2018 13:52 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори нафткаши эронӣ дар соҳилҳои Чин ва нопадид шудани 30 эронӣ

Як нафткаши Ширкати миллии нафткашии Эрон имрӯз (якшанбе) дар масири Кореяи Ҷанубӣ бар асари бархурд бо як киштии борӣ мунфаҷир шуд, ки дар ин ҳодиса 30 эронӣ нопадид шуданд.

Кисро Нурӣ, сухангӯи Вазорати нафти Эрон дар ташреҳи ин ҳодиса гуфт, нафткаши мутааллиқ ба Ширкати миллии нафткашии Эрон, ки дар иҷораи як ширкати кореяӣ будааст, дар ҳоли ҷобаҷо кардани миъоноти газӣ (конденсати газӣ) дар савоҳили шарқии Чин дучори ҳодиса шуд.

 Ӯ бо таъйиди нопадид шудани 30 эронӣ дар ин ҳодиса гуфт, ҳанӯз иллати бархурд ва теъдоди қурбониёни ин ҳодиса мушаххас нест.

Ин нафткаши эронӣ ҳомили миъоноти газии Порси Ҷанубӣ барои ширкати “Ҳонво Тотал” -и Кореяи Ҷанубӣ буд.