Январ 08, 2018 14:36 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон конуни ҳамандешӣ дар бораи чолишҳои амниятии ғарби Осиё

Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз – душанбе, 8-уми январи соли 2018 мизбони дувумин конфронси амниятии ғарби Осиёст. Ин конфронс бо ҳузури мақомҳои сиёсӣ, амниятӣ ва пажӯҳишгароне аз 49 кишвари ҷаҳон оғоз ба кор кард.

Ғарби Осиё яке аз нуқоти аслии буҳронхез дар ҷаҳон аст, ки бархе аз чолишҳои он чандин даҳа аст, ки идома ёфта ва ба буҳронҳои ҷадид низ доман задааст.

Таҷрибаи солҳои ахир нишон дода, ки таҳдидҳои амниятӣ аз танаввуъ ва густурдагии зиёде бархурдор аст ва ба ҳамон андоза низ ниёзманди ҷомеънигарӣ ва шинохти моҳияти таҳдидҳо ва пешбинии вазъиятҳои ношинохта аст .

Минтақаи ғарби Осиё аз ин дидгоҳ шабоҳат ба тоблуи себуъдӣ дорад, ки бо танаввуе аз чолиши амниятӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ ва қавмӣ мувоҷеҳ аст.

Бо ин ҳол, яке аз абъоди муҳими ин чолишҳо фароминтақаӣ будани буҳронҳои ғарби Осиёст, ки ба проекти мудохилоти низомии Амрико ва НАТО ва эҷоди пойгоҳҳои доимӣ дар минтақа мунҷар шудааст.

Буъди муҳими дигари ин чолиш вобастагиҳои амниятӣ ба бегонагон аст, ки сабаб шудааст улгуҳои муштараки амниятии минтақаӣ ҳувият наёбад.

Аммо буъди севум ва муҳимтари ин чолиш набуди як боварпазирии қавӣ дар заминаи доштани тавоноии муқобила бо чолишҳо ва дафъи таҳдидҳо дар минтақа аст. Намунаи айнии ин ҷараён, чолиши муқобила бо ДИИШ дар Сурия ва Ироқ аст.

Аммо таомулоти ҳушмандонаи Эрон, Русия, Сурия, Туркия ва Ироқ барои муқобила бо терроризм нишон дод, кишварҳои минтақа метавонанд аз зарфиятҳои минтақаӣ бо вуҷуди тафовути дидгоҳҳо дар бархе заминаҳо ба хубӣ истифода кунанд.

 

Раҳбари инқилоби исломӣ чанде қабл дар дидори ҷамъе аз басиҷиёни кишвар хотирнишон карданд: “Чанд тавтеаи пай дар пайи Амрико, саҳюнизм ва муртаҷеон дар минтақа бо иқтидори ҷумҳурии исломӣ хунсо шуд, ки яке аз онҳо нобудии ДИИШ буд, оё ин исботи “мо метавонем” нест?”.

Масъала ин аст, ки улгӯ ва роҳкори Ғарб дар заминаи амниятсозӣ дар ғарби Осиё асосёфта бар ду ҷараён аст:

 1) фурӯши силоҳ.

 2) эътилофсозиҳои нокоромад барои муқобила бо терроризм будааст ва ин рафторҳо пайваста амнияти минтақаро бо чолиш мувоҷеҳ кардааст.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз буҳронҳо ва ноамниҳо дар ғарби Осиё метавон се шохисро пешниёзи ғалаба бар чолишҳои амниятӣ дар минтақа донист. Нахуст он ки бояд шинохти дақиқ ва дарки воқеъбинонае аз моҳияти таҳдидоти амниятӣ дошт.

Шохиси дувум, доштани ирода барои ҳаракат ба самти ҳамгароии минтақаӣ ва парҳез аз рӯйкардҳо ва созукорҳои якҷониба аст.

Аммо шохиси севум, бовари асли муҳими “тавонистан” дар муқобила бо авомили бесуботсозӣ дар минтақа аст.

Ҳосили ҷамъи ин се шохис метавонад роҳкушои муваффақият дар арсаи муқобила бо чолишҳои амниятӣ дар минтақа бошад.