Август 23, 2016 11:15 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ ва ташреҳи ҳамкории Эрон, Русия ва Сурия

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ҳамоҳангии Эрон, Русия ва Сурия дар иҷрои амалиёти зидди террористҳо роҳбурди таъхирии Амрико барои таҳмили иродаи худ дар муомилоти амниятии Сурияро бо шикаст рӯбарӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Алии Шамхонӣ бо ишора ба талоши Амрико ва муттаҳидони минтақаии ин кишвар барои зарбапазир накардани террористҳое, ки таҳти унвонҳои сохтаи мувофиқу мухолифу муътадил ҷиноятҳои бешуморе зидди мардуми Сурия муртакиб шудаанд, изҳор дошт: "Барои ноком гузоштани амалиёти таъхирии Амрико ва муттаҳидони он, дар амлиёти ахир ва бар хилофи талоши онон, заработи таъйинкунандае аз замин ва ҳаво ба террористҳои такфирӣ дар Сурия ворид шуд". 

Шамхонӣ ҳаҷми азими хабарпарокании расонаҳои ғарбӣ ва саудӣ дар бораи ҳамкории муштараки Эрон, Русия ва Сурия дар амалиёти ахирро бо ҳадафи ҷанги равонӣ барои пӯшиш додан ба шикасти сангини муттаҳидонашон дар Тадмур, Идлиб, манотиқе аз Лозиқия ва Ҳалаб донист.

Шамхонӣ асри душанбе дар гуфтугӯ ба хабарнигорони Садо ва Симо изҳор дошт, бархе кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ, ки таваҳҳуми қудратмандӣ дар тағйири муодилоти минтақаӣ доранд, дар амалиёти ахир асири ибтикори амали сиёсӣ, дифоӣ ва амниятии Ҷумҳурии исломии Эрон шуданд.

Шамхонӣ ҳамчунин бо ишора ба бархе изҳори назарҳои нодақиқ дар бораи ҳамкории Эрон ва Русия дар мубориза бо терроризм афзуд, равобити ҳамаҷонибаи Эрон ва Русия, ки мубтанӣ бар таъмини манофеи миллӣ ва дар қолабҳои ҳамкориҳои роҳбурдӣ дар ҷараён буда, сирфан дар ҳавзаи мубориза бо терроризм набудааст ва абъоди густардатареро шомил мешавад.