Паёми таслияти Рӯҳонӣ ба муносибати даргузашти хадамаи нафткаши эронӣ
(last modified 2018-01-14T13:17:13+00:00 )
Январ 14, 2018 18:17 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Рӯҳонӣ ба муносибати даргузашти хадамаи нафткаши эронӣ

Раисҷумҳури исломии Эрон дар паёме даргузашти хадама ва коркунони каштии нафткаши эронӣ дар савоҳили шарқии Чинро ба хонаводаҳои онон таслият гуфту таъкид кард: Авлавияти аслӣ бояд бар шиносоӣ ва таъини ҳуввияти ҷон‏бохтагон ва коҳиши азоби хонаводаҳои ин азизон мутамарказ бошад.

Шашуми январ як каштии бории чинӣ-гонконгӣ дар савоҳили шарқи Чин ба як нафткаши эронӣ бархурд кард. Ин ҳодиса, сабаби инфиҷору оташсӯзӣ дар нафткаши Эрон шуд. Созмони банодиру дарёнавардии Эрон имрӯз ғарқ шудани нафткаши эронии Сончӣ ва ҷон бохтани 32 хадамаи ин каштиро тайид кард. 30 хадамаи ин нафткаш эронӣ ва 2 хадама бангладешӣ буданд .

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин паём аз ҳамаи дастгоҳҳои марбута аз ҷумла вазоратхонаҳои роҳу шаҳрсозӣ, нафту умури хориҷаи Эрон хост, бо анҷоми иқдомоти каршиносӣ, иллати вуқуи ин ҳодисаи таассуфборро ба диққат баррасӣ ва пайгирии қонунии лозимро барои пешгирӣ аз ҳаводиси мушобеҳ ва низ эҳқоқи ҳуқуқи миллати Эрон ва хонаводаҳои осебдида анҷом диҳанд .

 

Барчасп