Паёми таслияти ниҳодҳо ва мақомоти эронӣ дар пайи ҷон бохтани дарёнавардони нафткаши Санчӣ
(last modified 2018-01-15T09:35:45+00:00 )
Январ 15, 2018 14:35 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти ниҳодҳо ва мақомоти эронӣ дар пайи ҷон бохтани дарёнавардони нафткаши Санчӣ

Ниҳодҳо ва мақомоти эронӣ дар паёмҳои ҷудогона ҷон бохтани 32 хадамаи киштии нафтакаши Санчи-ро ба маҳзари Раҳбари муаззами инқилоб, миллати Эрон ва хонаводаҳои доғдори онон таслият гуфтанд.

Сардор сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ- раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме, ҷон бохтани 32 хадамаи киштии нафткаши Санчиро ба маҳзари Раҳбари иқилоб, миллати Эрон ва хонаводаҳои доғдори онон таслият гуфт. Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар паёме бо ибрози нороҳатӣ ва таассуф аз ҷон бохтани шаҳодатгунаи коркунон ва малавонони нафткаши Санчӣ, ин ҳодисаи дарднокро ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, миллати Эрон ва хонаводаҳои онон таслият гуфт.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар паёме, ҳодисаи талхи ҷон бохтани дилхарош ва нороҳаткунандаи коркунони киштии нафткаши Санчи-ро ба мақоми муаззами раҳбарӣ, миллати Эрон ва хонаводаҳои азодори онон таслият гуфт.

Алии Шамхонӣ- дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон низ рӯзи душанбе бо содир кардани паёме ҷон бохтани ҷамъе аз дарёнавардони сахткуши Эронро дар ҳодисаи киштии Санчӣ таслият гуфт. Алии Шамхонӣ дар ин паём зимни таслияти ҳодисаи дардноки даргузашти хадамаи киштии нафткаши эронӣ дар савоҳили шарқии Чин ба хонаводаҳои онон ва умуми миллати Эрон барои руҳи поки онон талаби омурзиш ва ғифрони илоҳӣ кард.

Оятуллоҳ Ҳусейни Нурии Ҳамадонӣ-аз марҷаъҳои тақлид дар Қум низ бо содир кардани паёме ҷон бохтани коркунони киштии эрониро ба миллати Эрон ва хонаводаҳои онон таслият гуфт.

Шашуми январи соли равон як киштии бории чинӣ-гонконгӣ дар савоҳили шарқи Чин ба як нафткаши эронӣ бархурд кард. Ин ҳодиса сабаби таркиш ва оташсӯзӣ дар нафткаши Эрон шуд.

Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон рӯзи якшанбе 14-уми январ ғарқ шудани нафткаши эронии Санчӣ ва ҷон бохтани 32 хадамаи ин киштиро таъид кард. 30 хадамаи ин нафткаши эронӣ ва ду хадамаи дигари бангладешӣ буданд.