Январ 16, 2018 12:29 Asia/Dushanbe
  • Оғози сездаҳумин давраи Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Теҳрон

Сездаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ субҳи имрӯз сешанбе бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳур ва Алии Лориҷонӣ-раиси маҷлиси Шурои исломии Эрон дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар ин конфронс раисон, муовинони раисон  ва намояндагони 41 кишвари исломӣ ҳузур доранд.

Сездаҳумин Конфронси Маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ фардо чаҳоршанбе бо интишори баёнияе ба кори худ поён хоҳад дод.

Рӯзҳои шанбе, якшанбе ва душанбеи ҳафтаи равон нишастҳои кумитаҳои доимӣ ва тахассусӣ ва низ маҷмаъи умумии ин конфронс бо ҳузури намояндагон ва коршиносони узви Созмони Ҳамкории Исломӣ баргузор шуд.

Дар нишастҳои тахассусӣ ва коршиносӣ ва низ кумитаҳои иҷроӣ ва умумӣ, баҳсҳое ҳамчун умури сиёсӣ ва равобити хориҷӣ, ҳуқуқи башар, занон ва умури хонавода, умури ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва мазҳабҳо, умури иқтисодӣ ва муҳити зист, мушорикати занон дар парлумонҳои кишварҳои исломӣ ва низ таҳияи пешнависи ниҳоии конфронс баррасӣ шуд.

 

Барчасп