Сухангӯи давлати Эрон: Тавони дифоии Эрон қобили музокира нест
(last modified Tue, 23 Jan 2018 13:50:05 GMT )
Январ 23, 2018 18:50 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи давлати Эрон: Тавони дифоии Эрон қобили музокира нест

Сухангӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе гуфт, тавони дифоии Эрон қобили музокира нест.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммадбоқири Навбахт дар вокуниш ба изҳороти ахири Жан-Ив Ле Дриан (Jean-Yves le Drian), вазири умури хориҷии Фаронса, ки муддаӣ шуда буд, Париж гуфтугӯҳоеро бо Эрон бар сари барномаи мушакӣ оғоз кардааст, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳеҷ кишваре дар бораи масоили мушакии худ музокира накардааст ва нахоҳад кард. Сухангӯи давлати Эрон таъкид кард, тақвияти тавони дифоӣ ҳаққи мусаллами Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва ҳеҷ кас иҷоза надорад, дар масоили дифоӣ ва мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон дахолат кунад.

Вашингтон ва бархе муттаҳидонаш хоҳони таваққуфи барномаҳои дифоии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд. Амрикоиҳо ва ҳампаймононашон муддаӣ ҳастанд, озмоишҳои мушакии Эрон хилофи Қатъномаи 2231-и Шӯрои амният аст. Ин дар ҳолест, ки Набила Массрали (Nabila Massrali), сухангӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ахиран эълом кард, озмоиши мушакии Эрон нақзи тавофуқи ҳастаӣ (БарҶом) нест.