Феврал 10, 2018 22:21 Asia/Dushanbe
  • Инқилоби исломӣ, истикборситезӣ, ҳимоят аз ҷибҳаи муқовимат ва Қудси шариф

Имрӯз ҷаҳони ислом аз захмҳои куҳнае, ки қудратҳои истикборӣ бар пайкари уммати ислом ворид кардаанд, ранҷ мебарад ва муҳимтар аз ҳама захми куҳнаи масъалаи Фаластин ва истимрори ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар минтақа аст.

Ҷибҳаи куфру истикбор ва саҳюнизм беш аз ҳафтод сол аст, ки бо ғасби сарзамини Фаластин, онро ба пойгоҳе барои эҷоди ихлол дар амнияти кишварҳои минтақа табдил кардааст ва ДИИШ бавуҷуд омада буд, то ин тавтеаро такмил кунад .

Дунёи ислом аммо имрӯз метавонад муқобили куфру истикбор биистад ва низоми исломӣ дар Эрон, ки ба дунболи таҳаққуқи комили шариати исломӣ аст, василаи пирӯзӣ бар душманони ислом хоҳад буд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб дар баёноте дар дидори меҳмонони ширкаткунанда дар Иҷлоси “Муҳиббони аҳли байт (а) ва масъалаи такфириҳо” бо таъкид бар ин истодагӣ хотирнишон карданд:

“Бо вуҷуди ҳамаи фишорҳо, бо сароҳат эълом мекунем, ҷумҳурии исломӣ дар ҳар ҷое, ки барои муқобила бо куфру истикбор, ниёз ба ҳузур бошад, кумак хоҳад кард ва дар баёни ин мавзуъ мулоҳизаи ҳеч касро намекунем” .

Ин баёноти раҳбари муаззами инқилоб ҳовии нукоти муҳим ва шохисҳои хадшанопазир аз истикборситезии миллати Эрон аст, ки реша дар инқилоби исломӣ ва истодагӣ муқобили низомҳои султагар дорад .

Раҳбари муаззами инқилоб дар сездаҳумини Иҷлоси байнулмаҷолси кишварҳои исломӣ низ дифоъ аз Фаластинро вазифаи ҳама донистанд.

Дар андешаи инқилобӣ ва озодибахши имом Хумайнӣ (р) озодии Фаластин як асли хадшанопазир аст.

Эшон моҳияти саҳюнистҳоро ин чунин баён мекунанд:

“Исроил бо табонӣ ва ҳамфикрии давлатҳои истиъмории ғарбу шарқ зоида шуду барои саркубу истиъмори милали исломӣ бавуҷуд омад ва имрӯз аз тарафи ҳамаи истиъморгарон ҳимоят мешавад” .

Англия ва Амрико бо тақвияти низомӣ ва сиёсӣ ва бо гузоштани аслиҳаҳои маргбор дар ихтиёри Исроил онро ба таҷовузоти пай дар пай алайҳи аъроб ва муслимин бармеангезонанд.

Имоми роҳил ҳамвора таъкид мекарданд, бо ишғоли Фаластин, Лубнон, Ҷавлон ва ақди қарордодҳои сулҳу созиш, таҷовузоти саҳюнистҳо хотима нахоҳад ёфт, балки онҳо ба манзури таҳаққуқи Исроили бузург гом бармедоранд ва хатарашон мутаваҷҷеҳи ҳамаи Ховари Миёна ва сарзаминҳои исломӣ аст .

 

 

 

Барчасп