Тими миллии футзали Эрон бо ғалаба бар Ҷопон бар боми қорраи куҳан истод
(last modified 2018-02-11T15:00:03+00:00 )
Феврал 11, 2018 20:00 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футзали Эрон бо ғалаба бар Ҷопон бар боми қорраи куҳан истод

Финали рақобатҳои футзали Ҷоми миллатҳои Осиё рӯзи якшанбе миёни тимҳои миллии футзали Эрону Ҷопон дар Чини Тайипӣ баргузор шуд ва тими миллии Эрон муваффақ шуд, бо ироаи як бозии бартар бо 4 гол ба пирӯзӣ бирасад.

Нимаи аввали ин бозӣ бо бартарии як голаи Эрон ба поён расид ва дар нимаи дуввум шогирдони Нозим Алшариа 3 бори дигар дарвозаи Ҷопонро гушуданд, то бурде арзишмандро бадаст оваранд .

Голҳои Эронро дар ин дидор Асғари Ҳасанзода дар дақоиқи 20-29, Фарҳоди Таваккулӣ 22 ва Ҳусайни Тайибӣ 39 ба самар расонданд .

Тайибӣ бо ин гол бо чаҳордаҳ гол ба унвони оқои голи мусобиқот муаррифӣ шуд .

Ин давоздаҳумин унвони қаҳрамонии тими миллии футзал дар Осиё буд, ки имрӯз дар солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ ба армағон омад .