Феврал 11, 2018 20:50 Asia/Dushanbe
  • Абу Муҷоҳид: Инқилоби Исломии Эрон қазияи Фаластинро эҳё кард

Масъули Кумитаи муқовимати Фаластин таъкид кард, пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон, омили аслии эҳёи қазияи Фаластин ва табдили он ба масаълаи аслӣ ва меҳварии уммати исломӣ ва арабӣ будааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Ал Аҳд», Муҳаммад Ал Барим Абу Муҷоҳид, масъули Кумитаи муқовимати Фаластин, рӯзи якшанбе, ҳамзамон бо 39-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ, тасреҳ кард, Инқилоби бузурги исломӣ, мувозинаи ҷадиди қудратро дар сатҳи Ховари Миёна тарсим ва мубориза бо режими ишғолгари саҳюнистиро ба унвони душмани нахусти миллатҳои араб ва мусулмон тасбит кард.

Вай хотирнишон кард, Инқилоби исломии Эрон тайи даҳаҳои гузашта, ҳатто як рӯз ҳам аз кумак ба мардуми Фаластин ҳатто дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин барои коҳиши ранҷу мушкилоти онон ва ҳимоят аз размандагон ва гурӯҳҳои муқовимат дар тӯли солҳои даргирӣ бо саҳюнистҳо, дареғ накарда ва ҳамвора дар кумакҳои низомӣ ба нерӯҳои муқовимат пешқадам будааст.

Абу Муҷоҳид афзуд, муқовимати Фаластин ба Худованд, размандагон ва меҳвари муқовимат, ки дар садри он Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон қарор дорад, муттакӣ аст. Инқилоби Исломии Эрони 11 феврали 1979 ( 22 баҳмани 1357 ) ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, зидди режими Паҳлавӣ ба пирӯзӣ расид.

Дар ҳамин ҳол, роҳпаймоии 39-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, рӯзи якшанбе ба таври ҳамзамон дар беш аз ҳазор шаҳру чаҳор ҳазор рӯсто дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

 

Барчасп