Даргузашти бозигари маъруфи синамои Эрон
(last modified Fri, 26 Aug 2016 12:54:56 GMT )
Август 26, 2016 17:54 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти бозигари маъруфи синамои Эрон

Довуди Рашидӣ, бозигари маъруф ва пешкисвати синамо, театр ва телевизиони Эрон субҳи имрӯз дар Теҳрон даргузашт.

Ба гузориш ИРНА, Довуди Рашидӣ пас аз умре хидмати мондагор ба ҳунар ва синамои Эрон, имрӯз дар синни 83 солагӣ дар хонааш дар Теҳрон бар асари исти қалбӣ, чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Довуди Рашидӣ дорои нишону дараҷаи як фарҳангу ҳунари Эрон буд ва аз вай осори арзишманди бисёре дар арсаи театр ва синамо барҷой мондааст.

Ин ҳунарманди пешкисват нақшаҳои мондагореро дар сариёлҳои телевизионие ҳамчун "Камол-ул-мулк", "Вилояти ишқ", "Ҳазор дастон", "Овои фохта" ва "Атри гули ёс" бозӣ кардааст.

Ин ҳунарманд дар солҳои ахир аз бемории фаромӯшхотирӣ (олзоймер) ранҷ мебурд.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар пайи даргузашти Довуди Рашидӣ, бо судури паёме ин ҳодисаи ғамборро ба мардум ва ҷомеаи ҳунарии Эрон тасалият гуфт ва афзуд: "Марҳум Довуди Рашидӣ аз чеҳраҳои мондагори ҳунари бозигари кишвар буд, ки набуди вай барои ҷомеаи ҳунарӣ, ҷуброннопазир хоҳад буд".