Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Такя ба бегона хатарнок аст, аз эътимод ба хориҷиҳо дар БАРҶОМ суде набурдем
(last modified 2018-02-18T13:03:48+00:00 )
Феврал 18, 2018 18:03 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Такя ба бегона хатарнок аст, аз эътимод ба хориҷиҳо дар БАРҶОМ суде набурдем

Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба суд набурдани кишвар аз иттико ва эътимод ба хориҷ дар БАРҶОМ ва музокироти ҳастаӣ афзуданд: Мо натиҷаи иттико ба хориҷиҳоро дар қазияи БАРҶОМ мушоҳида кардем ва дар қазияи музокироти ҳастаӣ ба онҳо эътимод кардем, аммо суде набурдем.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори пуршӯри ҳазорон нафар аз мардуми мутадайину инқилобии Табрез афзуданд: Хушбахтона масъулон бархурди хубе бо масъалаи БАРҶОМ доранду вазири умури хориҷа, ки бояд аз ӯ ташаккур кард, бо хабосати амрикоиҳо ва ба нълу ба мех задани арупои‌ҳо, бархурди хеле қавӣ дорад, ки ин роҳ бояд идома ёбад .

Раҳбари инқилоб гуфтанд: Бояд аз бегона баҳра бурд, аммо набояд ба ӯ эътимод кард, чун аз роҳҳои мухталиф бар сарнавишти кишвар мусаллат мешаваду ҳамаи масъулон бояд ин масъалаи бисёр муҳимро дар конуни таваҷҷуҳ дошта бошанд .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо интиқоди шадид аз душманоне, ки бо ҷангафзорҳои худ башариятро таҳдид мекунанд, аммо бо тавони мушакии Эрон мухолифат мекунанд, афзуданд: Ин масъала ба шумо чи рабте дорад? Шумо мехоҳед, миллати Эрон мушак аз худро надошта бошад, то ба ӯ зӯр бигӯед. Мо бомби ҳастаӣ ва силоҳи куштори ҷамъиро ҳаром медонем, аммо ҳар чизи дигареро, ки лозим дошта бошем, бо қудрат дунбол мекунем” .

Эшон убуҳҳат, иззат ва азамати миллати Эронро аз коркардҳои инқилоби исломӣ донистанду гуфтанд: Имрӯз як кишвари минтақа бо вуҷуди фурӯши рӯзона 10 миллион бушка нафт ва дар ихтиёр доштани хазонае пур аз пул, кишваре ақибмонда аст ва ҳеч ҳарфу хабаре аз миллати он дар дунё нест, аммо дар асари мардумсолории динӣ, дар мардуми Эрон барҷаста ва пешбарандаи инқилобанд .

 

Барчасп