Сухангуи Сипоҳи посдорон: Лошаи ҳавопаймои ATR пайдо шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i30223-Сухангуи_Сипоҳи_посдорон_Лошаи_ҳавопаймои_atr_пайдо_шуд
Сухангуи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз пайдо шудани лошаи ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Осмони Эрон хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 20, 2018 18:06 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Сипоҳи посдорон: Лошаи ҳавопаймои ATR пайдо шуд

Сухангуи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз пайдо шудани лошаи ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Осмони Эрон хабар дод.

Генерал Рамазон Шариф гуфт: Болгардҳои нерӯи ҳавофазои Сипоҳ субҳи имрӯз лошаи ҳавопаймои ATR-ро дар иртифооти кӯҳи Дено пайдо карданд.

Як фарванд ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Осмон” субҳи якшанбе пас аз парвоз аз Фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон ва таи масири ба самти Ёсуҷ дар минтақа Денокуҳи Самирам суқут карду ҳамаи 66 сарнишини он ҷон бохтанд.

Оморҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, Амрико, Русия ва Бразилия дар садр кишварҳое ҳастанд, ки таии 63 соли гузашта бо савониҳи ҳавоӣ мувоҷеҳ шудаанд.