Феврал 24, 2018 17:26 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон пештози мардумсолорӣ дар минтақа аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, миллати Эронро тамаддунсоз, парваришдиҳандаи тамаддунҳо ва пештози мардумсолорӣ дар минтақа донист.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи шанбе дар маросими ихтитомияи 31-умин ҷашнвораи байналмилалии Хоразмӣ, бо баёни инки Эрони бузург, дар тӯли таърих маншаи тамаддун, илм ва донишварӣ будааст, гуфт, донишгоҳ ҳамвора дар таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ нақши асосӣ, дошта ва дорад. Рӯҳонӣ бо ибрози хушнудӣ аз ҳузур дар ҷамъи асҳоби илм ва баргузидагони ҷашнвораи байналмилалии Хоразмӣ, гуфт, Эрон кишваре аст, ки дар ду мақтаъ пеш аз Ислом ва пас аз Ислом, нақше арзанда дар тавлиду рушди илм ва эҷоду парвариши тамаддуни башарӣ доштааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, пеш аз Ислом дар Эрони бостон соҳибназарон, андешмандон, ҳунармандон, меъморон ва олимон бо халқи тамаддуне дархӯри рақобат бо тамаддунҳои бузург ва бостонии он замон, мисли тамаддуни Миср, Чин ва Юнон, Эронро ба кишваре бузург, ки андеша, ҳарф, барнома ва марокизи илмӣ ва донишварии барҷаста дошт, табдил карда буданд.

Рӯҳонӣ дар тавзеҳи мақтаъи дуввум ва пас аз Ислом низ гуфт, асосан Ислом натанҳо пайравони худро ба илму дониш даъват мекард, балки ин мактаб бо амр ба хондан оғоз шуд; Ислом оине аст, ки ба илм ва дониш мазияти бахшида ва барои он, бартарӣ қоил аст.

Рӯҳонӣ дар идомаи суханони худ бо баёни инки сеюмин мақтаъ аз нақшофаринии Эрон дар арсаи тавлиди илм ва тамаддунсозӣ бо пирӯзии Инқилоби Исломӣ оғоз шудааст, гуфт, Ҷумҳурии исломӣ метавонад бо барномарезии дақиқ, кору талоши фавқулода, созандаи як тамаддуни бузург бошад.

Ҳасани Рӯҳонӣ таъкид кард, Эрон аввалин кишвари минтақа аст, ки аз демократия ва мардумсолорӣ бархӯрдор шуда ва дар баргузории интихобот, пештоз аст ва як модели ҳукумати мардумсолории динӣ ба ҷаҳон ироа кардааст.

 

Барчасп