Рӯҳонӣ: Эрон барои қудрати дифоии худ музокира нахоҳад кард
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Эрон барои сохти мушак ва таҷҳизоти дифоӣ ва низомии худ аз касе иҷоза нахоҳад гирифт ва бо касе ҳам музокира нахоҳад кард.
Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар ҷамъи мардуми Бандар –Аббос (ҷануби Эрон) афзуд: “То рӯзе, ки тарафи муқобил паймони худ дар БарҶомро зери по нагузоштааст, пойи аҳду паймонамон меистем. Дар ғайри ин сурат Эрон ҳам гузинаҳои бисёре барои интихоб пешорӯйи худ дорад”.
Ӯ бо баёни ин ки Эрон аз ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ва ҳамсояи худ барои эҷоди тартиботи амниятии минтақа истиқбол мекунад, изҳор дошт, амнияти минтақаи Ховари Миёна ниёзе ба бегонагон надорад.
Рӯҳонӣ бо ишора ба талошҳои Амрико тайи чанд моҳи гузашта барои зарба задан ба мардуми Эрон изҳор кард, Амрико барои зарба задан ба Эрон дар инзиво қарор гирифт ва кишварҳои аврупоӣ ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ин ҳаракати Амрикоро маҳкум карданд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо қадрдонӣ аз мавозеи Русия дар Шӯрои амнияти Созмони Милал ва зишт шуморидани иқдомҳои Амрико ва Англия гуфт: Амрико дар Шӯрои амнияти Созмони Милал хост, дар мавзӯи Яман, Эронро маҳкум кунад, ки боз ҳам шикаст хурд.