Март 03, 2018 16:20 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Фаластин аз мавозеи зидди амрикоӣ ва зидди саҳюнистии Эрон

Сафири Фаластин дар Теҳрон, аз мавозеи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва давлати Эрон, алайҳи Амрико ва режими саҳюнистӣ қадрдонӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Салоҳ Завовӣ дар бораи нақши дипломатияи хориҷии Эрон дар ветои пешнависи пешниҳодии Англия барои судури қатънома алайҳи Эрон, гуфт, давлати Эрон, давлати бузург аст ва сиёсате, ки Эрон аз он пайравӣ мекунад, сиёсати исломӣ аст.

Амрико 26 феврал қасд дошт, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал бо ҳимоят аз қатъномаи пешниҳодии Англия, иттиҳомотеро зидди Эрон бо ҳадафи сарпӯш гузоштан бар ҷиноёт ва ҷанги Арабистон дар Яман, матраҳ кунад, ки ин қатънома бо ветои Русия мувоҷиҳ шуд.

Сафири Фаластин дар Эрон бо баёни ин ки «ифтихор мекунам дар кишваре зиндагӣ мекунам, ки хостори нобудии режими саҳюнистӣ аст», афзуд, Эрон ҳатто вақте мехоҳад ба манофеи худ нигоҳ кунад, ин манофеъро дар чорчӯби Ислом қарор медиҳад.

Завовӣ бо таъкид бар нобудии режими саҳюнистӣ ба унвони ғуддаи саратонӣ, афзуд, режими саҳюнистӣ бар зулму тааддӣ бино шуда ва тавтеае алайҳи ҷаҳони Ислом аст.

 

Барчасп