Имзои 10 санади ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Бағдод
Ройзани матбуотии сафорати Эрон дар Ироқ эълом кард: Дар сафари ҳайъати иқтисодии Эрон ба Ироқ, дутараф дар мавриди имзои 10 санади иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба тавофуқ расиданд.
Ҳайъати иқтисодии Эрон ба раёсати Муҳаммади Шариатмадорӣ, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ҳафтаи ҷори ба Ироқ сафар кард.
Амиршоҳӣ афзуд: Қарор аст, ин аснод дар ҳузури Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷмҳури исломии Эрон ва Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ дар Бағдод ба имзои ду кишвар бирасад.
Ройзани матбуотии сафорати Эрон дар Ироқ гуфт: Ин асноди ҳамкорӣ дар заминаҳои тиҷорӣ, санъат, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, гумрук ва стандарт аст.
Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷумҳури Эрон имрӯз ба манзури дидор бо мақомоти баландпояи Ироқ ва зиёрати атаботи олиёт ба Ироқ сафар мекунад.
Муовини аввали раисҷумҳур қарор аст, дар ин сафар бо раисҷумҳур, нахуствазир ва раиси Маҷлиси Ироқ дидор ва дар хусуси охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва роҳкорҳои тавсеаи муносиботи дуҷониба гуфтугӯ ва ройзанӣ кунад.