Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Душманон дар садади зарба задан ба низоми исломӣ ҳастанд
(last modified Fri, 16 Mar 2018 12:39:35 GMT )
Март 16, 2018 17:39 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Душманон дар садади зарба задан ба низоми исломӣ ҳастанд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон таъкид кард, душманон бо тавтеаҳои мухталифи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар садади зарба задан ба низоми исломӣ ҳастанд.

Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки эҷоди изтироб, ноамнӣ ва фишор бар масоили иқтисодӣ аз барномаҳои душманон аст, гуфт, душманон бо тавтеаҳои худ дар садади зарба задан ба қувваи қазоия, Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва нерӯҳои амниятии Эрон ҳастанд, ки ҳама бояд дар баробари ин тавтеаҳо ҳушёр бошанд. Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ маънавияти Эронро дар ҷаҳон саромад унвон карда афзуд, маънавият шомили амният ва худопарастӣ буда, инҳо неъматҳои муҳим ҳастанд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бар талоши масъулони Эрон барои ҳалли мушкилоти иқтисодии мардум таъкид кард.

Ҳуҷҷатулислом Ғуломирзо Мисбоҳимуққаддам, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон низ дар суханроние пеш аз хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, миллати Эрон дар Инқилоби Исломӣ хоҳони истиқлол, озодӣ ва ҷумҳурии исломӣ буд, ки истиқлоли сиёсӣ ба таври комил таҳаққуқ ёфт ва ҳеҷ қудрате наметавонад иродаи худро бар миллати Эрон таҳмил кунад. Ҳуҷҷатулислом Мисбоҳимуқаддам бо баёни ин ки бархе кишварҳои минтақа солона миллиардҳо доллар аз қудратҳои ҷаҳонӣ силоҳ харидорӣ мекунанд, тасреҳ кард, артишу Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон аз назари омӯзиш, фанноварӣ, таҷҳизоти дифоӣ, силоҳу муҳимот ба қудрати фавқулоддае даст ёфтаанд, ки бидуни иттико ба қудратҳои дигар боздорандаи ҳар гуна иқдоми низомӣ аз сӯйи душманон шудаанд.