Март 19, 2018 20:00 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Хоҳони тадовуми нақши созандаи Олмон дар иҷрои БАРҶОМ ҳастем

Раисҷумҳури исломии Эрон дар паёме, бо табрики интихоби муҷаддади Ангела Меркел, ба унвони садриаъзами Олмон, тадовуми нақши созандаи Олмон дар иҷрои БАРҶОМ-ро хостор шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин паём таъкид кард: Эрон зимни эҳтиром ба нақши созанда ва таъсиргузори Олмон дар музокироти БАРҶОМ, тадовуми ин рӯйкардро дар иҷрои комил ва муваффақиятомези БАРҶОМ ва муқобила бо зиёдахоҳии номшруъ дар ин масир хостор аст.  

Рӯҳонӣ тасреҳ кард, интизор меравад, бо такя бар зарфиятҳои мутанаввеи мавҷуди Эрон ва Олмон, дар давраи ҷадид низ шоҳиди густариши рӯзафзуни равобити дуҷонибаи мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак бошем.  

Ангела Меркел 14 марти ҷорӣ бо раъй Парлумони Олмон, барои чаҳорумин бори паёпай ба унвони садриаъзами Олмон интихоб шуд.

 

Барчасп