Раҳбари инқилоб соли 1397-и шамсиро соли “Ҳимоят аз колои эронӣ” ном ниҳоданд
(last modified Tue, 20 Mar 2018 17:29:20 GMT )
Март 20, 2018 22:29 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб соли 1397-и шамсиро соли “Ҳимоят аз колои эронӣ” ном ниҳоданд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1397-и ҳиҷрии шамсӣ, соли ҷадидро соли “Ҳимоят аз колои эронӣ” номгузорӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми наврӯзии худ соли навро ба ҳамаи эрониён, ба вижа хонаводаҳои гиромии шаҳидон ва ҷонбозон ва навҷавонон ва ҷавонони умедофарин ва пешбарандаи ҳаракати илмии кишвар табрик гуфтанд ва Наврӯзи шоду ширин ва соли пур аз хайру баракат орзу карданд.

Эшон дар арзёбии фарозу нишебҳо ва талху ширинҳои соли 1396, ин солро “Соли бурузи азамат ва иқтидор ва ҳузури миллат” хонданд ва афзуданд: Дар авоили соли 96 беш аз 40 миллион нафар аз мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳо - ҳузури бисёр хуб, азим, хиракунанда ва пурмаъно доштанд ва ин ҳузур дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс, роҳпаймоиҳои 9-уми дай ва бартар аз ҳама дар роҳпаймоии тамошоии 22-юми баҳман идома ёфт.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба барномарезӣ ва талоши нокоми душманон барои эҷоди нооромӣ дар моҳҳои поёнии соли гузашта, роҳпаймоиҳои худҷӯши мардумро дар муқобили ошӯбгариҳо, нишондиҳандаи ҳузури миллати бузург, басир, чолоки Эрон дар ҳамаи майдонҳо донистанд ва гуфтанд: Миллати Эрон ва ҳатто он касоне, ки душманон қасд доштанд ошӯбҳоро ба номи онҳо тамом кунанд, дар муқобили иғтишошгарон истоданд ва бо ин ҳодиса, азамати миллати Эрон беш аз пеш равшан шуд.

Мақоми муаззами раҳбарӣ дар паёми наврӯзии худ ҳамаи мардуми Эрон ва аз ҷумла масъулонро ба талош ва кори сахт фаро хонданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ масъалаи аслии соли ҷадидро низ ҳамчун солҳои қабл, масъалаи иқтисод ва маишати мардум хонданд ва бар “тавлиди миллӣ” ба унвони меҳвари асосии ҳалли мушкилоти иқтисодӣ таъкид карданд.

Эшон афзуданд: “Агар тавлиди миллӣ бо ҳиммат ва пайгирии ҳамагонӣ шитоб бигирад, бисёре аз мушкилоти маишатии мардум ва масоили иштиғол ва сармоягузорӣ ҳал хоҳад шуд ва осебҳои иҷтимоӣ коҳиши зиёде хоҳад ёфт, бар ҳамин асос ном ва шиори имсолро “Ҳимоят аз колои эронӣ” қарор додаам”.

Эшон ҳамчунин бо салом ба маҳзари ҳазрати Имом Маҳдӣ (а) ва дуруд ба рӯҳи мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ), ҳамзамон шудани баҳори табиатро бо баҳори маънавият, яъне моҳҳои раҷаб, шаъбон ва Рамазонулмуборак, фурсате барои рушд ва рӯйиши моддӣ ва маънавии миллат донистанд.