Март 21, 2018 18:00 Asia/Dushanbe
  • Табрики Рӯҳонӣ ба Раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати оғози соли нав

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сешанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, фаро расидани соли 1397 –и ҳиҷрии шамсиро ба эшон табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ки аз Кирмоншоҳ (ғарби Эрон) анҷом шуд, бо орзуи саломатӣ ва тӯли умр барои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, таъкид кард: Давлати Эрон ҳамаи тавони худро барои иҷрои раҳнамудҳои Раҳбари муаззам ба кор гирифтааст ва дар ин арса мусаммам ва боазму ирода хоҳад буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ низ зимни табрики соли нав ба раиси ҷумҳур ва хонаводаи бузурги миллати Эрон, барои хидмати бештари давлат, орзуи тавфиқ карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1397-и ҳиҷрии шамсӣ, соли ҷадидро соли “Ҳимоят аз колои эронӣ” номгузорӣ карданд.

 

Барчасп